- тор
- I[تار]1. риштаи дарози борик аз мӯй, абрешим, пахта ва нах2. мӯй, як дона (тора) мӯй; ришаш ягон тор ҳам сафедӣ надошт, тори анкабут риштае, ки тортанак аз луоби худ метанад ва бо он магас ва ҳашаротҳоро шикор мекунад; тор танидан тор бофтани тортанак ва кирми абрешим3. риштаи олати мусиқӣ, ки аз рӯдаи ҳайвонот ё аз аз филизот сохта мешавад, сим4. асос, замина дар бофандагӣ, қатори нахҳо, ки ба дарозии матои бофташуда қарор мегирад; муқоб. пуд; тору пуд нахҳое, ки дарозӣ ва бари матоъро ташкил медиҳанд5. таноби аз як нуқта ба нуқтаи дигар кашидашуда барои овехтани либосворӣ ё чизҳои шусташуда; (ба) тор кашидан ба ришта чидан (овехтан) барои хушк кардан (мас., гӯштро); тори фиреб доми фиреб; тори чизеро кашидан чизеро миқдоран кам кардан, аз вуқӯи коре пешгирӣ кардан; ба як тори мӯ банд будан дар дами марг истодан; тор-тор тора-тора, мӯй-мӯй; ба тартибII[تار]олати мусиқии торӣ, ки панҷ сим дорад ва бо мизроб навохта мешавадIII[تار]тира, торик, зулмонӣ; шаби тор шаби торик; тор шудани чашм коста шудани қувваи биниши касе, тираву тор, сиёҳIV[تار]фарқ, боло, тепа; тори сар фарқи сар, торак
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.